Боздошти домоди Мулло Абдураҳим дар Душанбе

Омӯзгори Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ва яке аз собиқ фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Мулло Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) тасдиқ кард, ки домодаш Мирзоназар Фозилов боздошт шудааст. А.Каримов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи душанбе, 16 май кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шавҳари духтараш Мирзоназарро дар манзили зисташ дар Душанбе боздошт кардаанд. «Ман […]

ASIA-Plus



Омӯзгори Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ва яке аз собиқ фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Мулло Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) тасдиқ кард, ки домодаш Мирзоназар Фозилов боздошт шудааст.

А.Каримов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи душанбе, 16 май кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шавҳари духтараш Мирзоназарро дар манзили зисташ дар Душанбе боздошт кардаанд.

«Ман ҳақиқатан ҳам намедонам, ки Мирзоназар Фозиловро бо кадом сабаб боздошт кардаанд ва инро айни замон ҳеҷ касе аз аҳли оилаи мо намедонад. Аҳли оилаам ҳамин ҳозир гуфтанд, ки дирӯз кормандони КДАМ омада, ӯро бо худ бурдаанд», – гуфт ӯ.

Мирзоназар Фозилов тахминан 35-40-сола буда, хатмкардаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байнулмилалии Исломобод (Покистон) аст. Ӯ бо духтари мулло Абдураҳим издивоҷ карда, соҳиби 5 фарзанд мебошанд.

Мулло Абдураҳим (Абдураҳим Каримов), собиқ фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муддате ба Кумитаи гумруки кишвар роҳбарӣ карда, минбаъд дар вазифаи декани факултаи филологияи Шарқи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Абӯ Ҳанифа ифои вазифа кард ва айни замон дар ин ҷо омӯзгорӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.