Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Китобхонаи миллии Тоҷикистон аксияи «Шаб дар осорхона»-ро баргузор мекунад, ки ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи байнулмилалии осорхонаҳо бахшида шудааст. Замони баргузории аксия – аз соати 18-00 то 22-00; – Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сармураббии нави мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов ҷиҳати тамрини шиносоӣ бозигарони дастаи мнутахабро гирдиҳам оварда, сипас онҳо дар […]

ASIA-Plus



Анонс



– Китобхонаи миллии Тоҷикистон аксияи «Шаб дар осорхона»-ро баргузор мекунад, ки ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи байнулмилалии осорхонаҳо бахшида шудааст. Замони баргузории аксия – аз соати 18-00 то 22-00;

– Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сармураббии нави мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов ҷиҳати тамрини шиносоӣ бозигарони дастаи мнутахабро гирдиҳам оварда, сипас онҳо дар ду ҳайат бо ҳам бозӣ мекунанд;

– Дар Душанбе Форуми 7-уми байнулмилалиии мутахассисони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Уқёнуси Ором оид ба мероси фарҳангии ғайримоддии кишварҳои ин минтақа –


Intangible Cultural Heritage Centre for Asia and the Pacific (ICHCAP – узви ЮНЕСКО) ба кори худ идома медиҳад. Дар кори форум намояндагони Корея, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон иштирок доранд;



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8690

сомонӣ;


1

евро –

8.9006

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1187

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи байнулмилалии осорхонаҳо


1937

– Ифтитоҳи намоишгоҳи сеюми ҷумҳуриявии рассомони Тоҷикистон.


2009

— Парлумон ба қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид намуд, ки мутобиқи он минбаъд нигаҳдории чорвои калону хурди шохдор ва паррандаҳои хонагӣ дар қаламрави пойтахт манъ карда шуд.


2010

— Ӯзбекистон бори навбатӣ убури қатоарҳои Тоҷикистон тариқи қаламраваш ба самти вилояти Хатлонро боздошт.


1048

— Мавлуди шоири форсу тоҷик, файласуф, риёзидон, табиб ва мусиқишинос Умари Хайём.


1938

— Зодрӯзи адабиётшинос Ҳамроқул Шодиқулов.


1941

– Мавлуди журналист ва нависанда, арбоби давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Нурмуҳаммад Табаров (вазири фарҳанги ҶТ, сардабири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ», феълан мушовири ҳафтавори «Чархи гардун»).


1954

– Зодрӯзи журналист Шариф Ҳамдамов, муассис ва роҳбари медиа-холдинги «Оила – «Тоҷикистон».


1972

– Мавлуди журналист, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳи Исмоил.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +13+18.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, ҷола.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +23+28.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона-2+3, рӯзона +11+16.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, ҷола.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16 рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +19+24. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, ҷола.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +25+27.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +19+21.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.