Ҷазои 15 рӯзи ҳабс ба 20 тоҷикистонӣ барои занозанӣ дар оромгоҳи Маскав

Суди Шербинскии Маскав имрӯз, 17 май ба 22 нафар иштирокчиёни занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ба муҳлати 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин кард. Бино ба маълумоти ТАСС бо истинод ба котиби матбуотии суди Шербинск Светлана Бахтина, ду нафар қонуншиканон шаҳрвандони Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Суд далелҳои ҷонибҳоро баррасӣ намуда, ба […]

ASIA-Plus



Суди Шербинскии Маскав имрӯз, 17 май ба 22 нафар иштирокчиёни занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ба муҳлати 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин кард.

Бино ба маълумоти

ТАСС

бо истинод ба котиби матбуотии суди Шербинск Светлана Бахтина, ду нафар қонуншиканон шаҳрвандони Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Суд далелҳои ҷонибҳоро баррасӣ намуда, ба хулоса расидааст, ки гуноҳи айбдоршавандагон дар қонуншиканиҳои ба онҳо нисбатдодашуда пурра исботи худро ёфтааст.

Хабаргузории

РИА Новости

дар ин робита менависад, 9 нафар гумонбаршудагон рӯзи душанбе ба ҳабс гирифта шуда, субҳи имрӯз суд нисбати боз се тан аз гумонбаршудагон – Александр Мережко, Артур Ҳоҷихонов ва Элихон Яҳёев чунин қарор қабул кард. Муҳлати ҳабси боз як гумонбари дигар – Лечи Яҳёев 72 соат (то 19 май) дароз карда шуд.

Собиқ корманди хадамоти посбонии ШВКД-и Маскав дар ноҳияи Хамовники Никита Мошенко низ аз ҷумлаи ҳабсшудагон аст, ки ӯро низ чун дигарон тафтишот дар авбошӣ гумонбар медонад (қ. 2, моддаи 213 КҶ ФР).

Ҳамчунин ҳуқуқшиноси қаблан маҳкумшуда Александр Бочарников низ ба ҳабс гирифта шудааст. Ӯ низ чун боқимонда гумонбаршудагон айбро эътироф накарда, аз баёнот додан даст кашидааст. «Ман силоҳ надоштам, баръакс ба сӯи мо сангу чӯб ва табарҳо мепартофтанд», – гуфтааст Бочарников дар суд.

Дар ҳамин ҳол, суд таҳти ҳабс қарор доштани собиқ директори оромгоҳи Хованское Юрий Чабуевро рад кардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки кӯшиши даъвати пулисро карда, муноқишаро пешгирӣ карданӣ будааст. Чабуев узви Шӯрои ҷамъиятии назди Кумитаи тафтишоти Русия мебошад.

Қаблан

иттилоъ дода будем

, ки суди Пресненскии шаҳри Маскав 9 нафарро ба гумони даст доштан дар ҳодисаи занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав боздошт намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.