Аз оғози сол ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон 5 млн. $ афзуд



Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи апрели соли равон каме бештар аз 2 млрд. 187 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз оғози соли равон (аввали соли 2016 – ҳудуди 2 млрд. 182 млн. $) ба миқдори 5 млн. доллари ИМА афзуд.

Бино ба маълумоти фаврии Вазорати молияи ҶТ, дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ беш аз 1 млрд. 984 млн. доллари ИМА ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна беш аз 22,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳудуди 31,5 млн. доллари ИМА-ро қарзҳои корхонаҳои давлатӣ ташкил медиҳанд, ки кафолати давлатӣ надоранд.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинаи байнулмилалии асъор, ки барои нигаҳдории тавозуни пардохтҳо гирифта шуд, ба 13,4 млн. доллари ИМА баробар аст.

Ҳаҷми қарзҳои гирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон аз Чин – 11 млн. доллари ИМА ва аз Бонки исломии рушд – 5,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.  

spot_imgspot_img

Популярное