Аз оғози сол ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон 5 млн. $ афзуд

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи апрели соли равон каме бештар аз 2 млрд. 187 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз оғози соли равон (аввали соли 2016 – ҳудуди 2 млрд. 182 млн. $) ба миқдори 5 млн. доллари ИМА афзуд. Бино ба маълумоти фаврии Вазорати молияи ҶТ, дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ беш […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи апрели соли равон каме бештар аз 2 млрд. 187 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз оғози соли равон (аввали соли 2016 – ҳудуди 2 млрд. 182 млн. $) ба миқдори 5 млн. доллари ИМА афзуд.

Бино ба маълумоти фаврии Вазорати молияи ҶТ, дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ беш аз 1 млрд. 984 млн. доллари ИМА ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна беш аз 22,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳудуди 31,5 млн. доллари ИМА-ро қарзҳои корхонаҳои давлатӣ ташкил медиҳанд, ки кафолати давлатӣ надоранд.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинаи байнулмилалии асъор, ки барои нигаҳдории тавозуни пардохтҳо гирифта шуд, ба 13,4 млн. доллари ИМА баробар аст.

Ҳаҷми қарзҳои гирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон аз Чин – 11 млн. доллари ИМА ва аз Бонки исломии рушд – 5,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.