Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 10% кам шуд

Тӯли 4 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд. 185 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 10,2% ё худ 135 млн. доллар камтар аст. Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, 656 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ҳаҷми содироти мол давоми 4 […]

ASIA-Plus



Тӯли 4 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд. 185 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 10,2% ё худ 135 млн. доллар камтар аст.

Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, 656 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти мол давоми 4 моҳи аввали соли ҷорӣ 265 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2015 ба миқдори 24,4 млн. доллари ИМА ё худ 8,4% камтар аст. Аз ҷумла ҳаҷми содироти пахта нисбат ба соли гузашта қариб 25% коҳиш ёфтааст.

Ҳаҷми воридоти мол дар ин давра ба 920 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба 4 моҳи аввали соли гузашта ба андозаи 10,7% ё худ 110 млн. долллари ИМА камтар мебошад. Масалан, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ – 35% ва орд қариб 32 кам шуда, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти гандум 26% афзудааст.

Давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 97 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Чин (298 млн. $), Русия (287 млн. $), Қазоқистон (192 млн. $) ва Туркия (105 млн. $) дониста шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.