Ҷасадҳои дар занозании оромгоҳи Маскав кушташудаи тоҷиконро ба ватан мефиристанд

Мақомоти Тоҷикистон баҳри ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани ҷасадҳои дар занозании оромгоҳи Хованское кушташудаи тоҷикон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Рӯзи 14 май дар занозании оромгоҳи Хованское дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон: Хӯшаков Суҳроб Таваралиевич, соли таваллудаш 1990, Ризоев Иноят Қаноатович, соли таваллудаш 1977 ва Сабиров Сайнуриддин Нозилович, соли таваллудаш 1974 […]

ASIA-Plus



Мақомоти Тоҷикистон баҳри ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани ҷасадҳои дар занозании оромгоҳи Хованское кушташудаи тоҷикон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Рӯзи 14 май дар занозании оромгоҳи Хованское дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон: Хӯшаков Суҳроб Таваралиевич, соли таваллудаш 1990, Ризоев Иноят Қаноатович, соли таваллудаш 1977 ва Сабиров Сайнуриддин Нозилович, соли таваллудаш 1974 ҳалок шудаанд, ки ҳамаашон сокинони шаҳри Роғун мебошанд.

Сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ки ҷасадҳо то анҷоми тафтиши ҳодиса дар Маскав нигаҳдорӣ мешаванд. «Аммо мо ҳамаҷониба талош хоҳем варзид, ки ҷасадҳо ҳарчи зудтар ба Тоҷикистон фиристода шаванд», – иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти мақомоти Тоҷикистон, дар ин занозанӣ беш аз 120 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, се тан аз онҳо айни замон дар шуъбаи эҳёгарии бемористон қарор доранд ва вазъи яке аз онҳо – Кароматулло Ғафуров вазнин арзёбӣ мешавад.

Аҳмадов иттилоъ дод, ки 55 тоҷики боздоштшуда баъди ҳодисаи рӯзи шанбе ба озодӣ раҳо шуда, боз 11 тоҷикистонӣ барои бо худ надоштани ҳуҷҷатҳои будубоши қонунӣ дар қаламрави Русия ё умуман бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятдар боздоштгоҳҳои шуъбаҳои умури дохилии Новотроитск ва Коммунарка қарор доранд.

Қаблан котиби сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ ба хабарнигории РИА Новости

изҳор дошта буд

, ки пас аз ҳодисаи занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав 21 шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон раҳо шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав бо иштироки ҳудуди 200 нафар занозанӣ рух дода, се нафар ҳамватанони мо ба ҳалокат расиданд. 112 нафар иштирокчиёни ҳодиса боздошт ва ба шуъбаи пулис мунтақил гардиданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, занозанӣ бар асари мубориза баҳри ба даст гирифтани назорат дар қаламрави оромгоҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Аз рӯи далели куштор Кумитаи тафтишот парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сафири Русия дар ҷумҳурӣ Игор Лякин-Фролов 

талаб намуд

, ки дар бобати тафтишоти объективонаи ҳодиса ва ба ҷавобгарии қатъӣ кашидани ашхоси гунаҳкор чораҳои фаврӣ андешад.



(Дар акс яке аз муҳоҷирони кушташудаи тоҷик – Суҳроб Хӯшакови 26-сола)

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.