Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зимни сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург, ки имрӯз шурӯъ мегардад, ният дорад, ки бо раҳбарияти олии Русия ҷараёни тафтиши занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскавро баррасӣ кунад;

– Дар Душанбе Форуми 7-уми байнулмилалиии мутахассисони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Уқёнуси Ором оид ба мероси фарҳангии ғайримоддии кишварҳои ин минтақа – Intangible Cultural Heritage Centre for Asia and the Pacific (ICHCAP – узви ЮНЕСКО) ба кори худ идома медиҳад. Дар кори форум намояндагони Корея, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон иштирок доранд;

– Бо ташаббуси ВКД Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонони назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар минтақаи Рашт миёни писарону духтарон пойгаи аспдавонӣ доир мегардад;

– Дар Коллеҷи ҳунари шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ консертҳои ҳисоботии ҳамаи шуъбаҳои муассисаи таълимӣ ва ҳамчунин Рӯзи дарҳои кушод баргузор мешаванд;

– Дар толори конфронси Федератсияи футболи Тоҷикистон соати 10-00 маросими қуръапартоии даври пешакии мусобиқаи Ҷоми ҷумҳурӣ барпо мешавад;

– Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Дурнамои ҳаракатҳои исломӣ дар Осиёи Марказӣ”маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” баргузор мегардад. Оғоз соати 14:00.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8690

сомонӣ;


1

евро –

8.9242

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.11


82



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


2002

– Миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи иловагӣ дар бораи марзи давлатӣ, Эъломияи муштарак ва Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар бахши комплекси энергетикӣ ва сӯзишворӣ ба имзо расиданд.


2003

– Шабакаи радиои «Азия-Плюс» таҳти сарпарастии президенти ҷумҳурӣ маросими нахустини тақдими Ҷоизаҳо дар соҳаи мусиқии муосир – «Суруди сол-2003»-ро баргузор намуд.


2007

— Швейтсария ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба маблағи 145 ҳазор доллари ИМА китобҳо тақдим намуд.


2012

— Парлумон ба Кодекси андози ҶТ тағйироту иловаи марбут ба бекор кардани ААИ аз хизматгузориҳои аэронавигатсиониро ворид кард.


2012

— Дар пойтахти ИМА миёни Тоҷикистону ИМА машваратҳо доир гардиданд.


1934

– Зодрӯзи шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол.


1948

– Мавлуди сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Низом Ҳамробоев.


1964

– Зодрӯзи нависанда ва драматург Тоҳири Муҳаммадризо.


1973

— Мавлуди журналист Хуршед Андамов.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +14+19.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, ҷола.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +22+27.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона-2+3, рӯзона +9+14.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16 рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +17+22.  


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +16+18.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +21+23.

spot_imgspot_img

Популярное