Раҳоии 21 тоҷикистонӣ пас аз занозанӣ дар оромгоҳ

Котиби сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ ба хабарнигории РИА Новости изҳор доштааст, ки пас аз ҳодисаи занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав 21 шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон раҳо шудаанд. «Қазияи боздоштшудагони дигарро мо пайгирӣ дорем. Ҳадди ақал, огаҳем, ки 90%-и шаҳрвандони мо боздошт шудаанд. Баъдтар маълумоти дақиқи дар даст хоҳем дошт. Мақомоти пулис то кадом […]

ASIA-Plus



Котиби сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ ба хабарнигории РИА Новости изҳор доштааст, ки пас аз ҳодисаи занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав 21 шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон раҳо шудаанд.

«Қазияи боздоштшудагони дигарро мо пайгирӣ дорем. Ҳадди ақал, огаҳем, ки 90%-и шаҳрвандони мо боздошт шудаанд. Баъдтар маълумоти дақиқи дар даст хоҳем дошт. Мақомоти пулис то кадом андоза ҷавобгар будан, будубоши қонунии онҳоро дар Маскав месанҷад. Мо медонем, ки аз шуъбаи пулиси Троитский 21 шаҳрванди Тоҷикистонро раҳо кардаанд. Касонеро, ки ҳуҷҷатҳояшон нуқс дорад ё ба чизе гумонбар медонанд, алҳол дар боздоштанд», – қайд кардааст дипломат.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки пас аз бетартибиҳо дар қабристони Хованское 3 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар шуъбаи эҳёгарии бемористонҳо бистарианд.

«Тибқи маълумоти мо, 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои тиббии шаҳри Маскав қарор доранд, алҳол ному насаби онҳо ба мо маълум нест. Се нафари онҳо дар шуъбаи эҳёгарӣ ва як тан дар ҳолат вазнин қарор дошад. Ин маълумотро мо тариқи сарчашмаҳои худ ба даст оварда, айни замон маълумоти расмиро интизорем. Ба департаменти тандурстии шаҳр мо дар ин хуусус дархост фиристодем», – гуфтааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав бо иштироки ҳудуди 200 нафар занозанӣ рух дода, се нафар ҳамватанони мо ба ҳалокат расиданд. 112 нафар иштирокчиёни ҳодиса боздошт ва ба шуъбаи пулис мунтақил гардиданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, занозанӣ бар асари мубориза баҳри ба даст гирифтани назорат дар қаламрави оромгоҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Аз рӯи далели куштор Кумитаи тафтишот парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сафири Русия дар ҷумҳурӣ Игор Лякин-Фролов

талаб намуд

, ки дар бобати тафтишоти объективонаи ҳодиса ва ба ҷавобгарии қатъӣ кашидани ашхоси гунаҳкор чораҳои фаврӣ андешад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.