Талаби тафтиши воқеъбинонаи қазия дар оромгоҳи Хованское

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сафири Русия дар ҷумҳурӣ Игор Лякин-Фролов талаб намуд, ки дар бобати тафтишоти объективонаи ҳодиса ва ба ҷавобгарии қатъӣ кашидани ашхоси гунаҳкор чораҳои фаврӣ андешад. Дар маълумоти дар сомонаи Вазорат интишоршуда дар ин робита қайд мешавад, ки вобаста ба ҳаводиси имрӯза дар қабристони Ховански вилояти Москва, ки боиси ба ҳалокат расидани […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сафири Русия дар ҷумҳурӣ Игор Лякин-Фролов талаб намуд, ки дар бобати тафтишоти объективонаи ҳодиса ва ба ҷавобгарии қатъӣ кашидани ашхоси гунаҳкор чораҳои фаврӣ андешад.

Дар маълумоти дар сомонаи Вазорат интишоршуда дар ин робита қайд мешавад, ки вобаста ба ҳаводиси имрӯза дар қабристони Ховански вилояти Москва, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон, аз ҷумла тоҷикистониён шудааст, сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия тадбирҳои бетаъхирро ҷиҳати аниқ кардани мушаххасоти воқеа ва оғози тафтишот аз ҷониби мақомоти марбутаи Россия анҷом дод.

«Ҳамзамон, Вазорати корҳои хориҷии кишвар аз сафири Россия дар Тоҷикистон талаб намуд, ки дар бобати тафтишоти объективонаи ҳодиса ва ба ҷавобгарии қатъӣ кашидани ашхоси гунаҳкор чораҳои фаврӣ андешад.

Зимнан зикр мегардад, ки Вазорат ва намояндагии дипломатии кишвар дар Москва бо мақомоти марбутаи Россия дар тамоси доимӣ қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май 

дар занозании оромгоҳи Хованское

 дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Зиёда аз 90 иштирокдорони занонзанӣ, аз ҷумла гумонбарони куштор дастгир шуда, беш аз 20 нафар иштирокдорони ин занозанӣ бо захмҳои гуногун ба беморхонаҳои наздик ба макони ҳодиса расонида шуданд.

Ҳамчунин доир ба ин ҳодиса вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Колоколтсев В.А.  ду маротиба 

тариқи телефон суҳбат кард.

Ҳамчунин раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зимни сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург

ният дорад

, ки бо раҳбарияти олии Русия ҷараёни тафтиши занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскавро баррасӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол 

Радиои Озодӣ

 бо истинод ба манобеъи худ иттилоъ медиҳад, ки гурӯҳи зодагони Қафқозро, ки дар оромгоҳи шаҳри Маскав ба муҳоҷирони тоҷик дарафтоданд, худи тоҷикон киро кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.