КМО ҶТ: Дар Рӯзи дави миллӣ ҳар як 21-умин тоҷикистонӣ иштирок кард

Дар Рӯзи дави миллии ҳамасолаи Тоҷикистон, ки санаи 15 май доир гардид, тақрибан ҳар як 21-умин шаҳрванди Тоҷикистон ширкат варзид.   Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ), Рӯзи дави миллӣ бо иштироки афроди синну соли мухталиф дар саросари кишвар доир гардид ва ба гуфтаи масъулон, дар он тақрибан ҳудуди 400 […]

ASIA-Plus



Дар Рӯзи дави миллии ҳамасолаи Тоҷикистон, ки санаи 15 май доир гардид, тақрибан ҳар як 21-умин шаҳрванди Тоҷикистон ширкат варзид.  

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ), Рӯзи дави миллӣ бо иштироки афроди синну соли мухталиф дар саросари кишвар доир гардид ва ба гуфтаи масъулон, дар он тақрибан ҳудуди 400 ҳазор нафар афроди касбу кори гуногун ширкат карданд. Танҳо дар шаҳри Душанбе ҳудуди 40 ҳазор нафар дар дави миллӣ иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, сокинони пойтахт дар ин мусобиқа ҳудуди беш аз 10 километрро тай карда, аз маҳаллаи Чорбоғ то майдони “Наврӯзгоҳ” миёни ҳам рақобат карданд. Дар дави миллӣ намояндагони аксари корхонаву ташкилотҳо ширкат намуданд ва ба гуфтаи масъулин, донишҷӯёни макотиби олӣ аз ҳама фаъолтар буданд.

Ба гуфтаи ташкилкунандагони ин чорабинӣ, дар ин маърака ғолибон муайян намегарданд ва он танҳо ба хотири оммавияти варзиш, ихтисос дода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Рӯзи дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон сар аз соли 2007 ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барпо мегардад.

Қобили зикр аст, ки аввали сол шумори аҳолии Тоҷикистон ба ҳудуди 8,4 млн. нафар расид. Ғайр аз ин, айни замон наздики 1 млн. шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.