Каромат Шарипов: Ҷанҷолҳо ин ҷо пештар ҳам буданд, вале то тирпарронӣ нарасида буд

Раиси Ҳаракати умумирусиягии муҳоҷирони кории Тоҷикистон Каромат Шарипов дар робита ба занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав изҳор доштааст, ки ҷанҷолҳо ин ҷо муддати 5 сол идома доранд, вале то тирпарронӣ нарасида буд. Ба гуфтаи Шарипов, коргарони оромгоҳ музди хуб мегиранд, аз ин рӯ, хоҳишмандони «зери қаноати худ» даровардани кори душвори муҳоҷирон зиёданд. Ӯ […]

ASIA-Plus



Раиси Ҳаракати умумирусиягии муҳоҷирони кории Тоҷикистон Каромат Шарипов дар робита ба занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав изҳор доштааст, ки ҷанҷолҳо ин ҷо муддати 5 сол идома доранд, вале то тирпарронӣ нарасида буд.

Ба гуфтаи Шарипов, коргарони оромгоҳ музди хуб мегиранд, аз ин рӯ, хоҳишмандони «зери қаноати худ» даровардани кори душвори муҳоҷирон зиёданд. Ӯ қайд кардааст, ки ин афрод асосан аз доираҳои ҷиноятпешаанд.

«Ҷанҷолҳо ин ҷо пештар ҳам буданд, вале то тирпарронӣ нарасида буд. Дар оромгоҳ асосан мусалмонон, аз ҷумла тоҷикон низ кор мекунанд. Онҳо шароб наменӯшанд ва аз субҳ то шом машғули коранд. Инҳо шахсони беҳуқуқанд, ки онҳоро мебояд аз ҳамлахои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ҳимоя намуд», –

гуфтааст

Каромат Шарипов.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май 

дар занозании оромгоҳи Хованское

 дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Зиёда аз 90 иштирокдорони занонзанӣ, аз ҷумла гумонбарони куштор дастгир шуда, беш аз 20 нафар иштирокдорони ин занозанӣ бо захмҳои гуногун ба беморхонаҳои наздик ба макони ҳодиса расонида шуданд.

Ҳамчунин доир ба ин ҳодиса вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Колоколтсев В.А.  ду маротиба 

тариқи телефон суҳбат кард.

Дар ҳамин ҳол

Радиои Озодӣ

бо истинод ба манобеъи худ иттилоъ медиҳад, ки гурӯҳи зодагони Қафқозро, ки дар оромгоҳи шаҳри Маскав ба муҳоҷирони тоҷик дарафтоданд, худи тоҷикон киро кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.