Занозанӣ дар оромгоҳ: қафқозиҳоро худи тоҷикон киро кардаанд

– Гурӯҳи зодагони Қафқозро, ки дар оромгоҳи шаҳри Маскав ба муҳоҷирони тоҷик дарафтоданд, худи тоҷикон киро кардаанд, – хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеи худ. Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар Маскав иттилоъ додаанд, ки дар занозании омавии рӯзи 14 май дар гӯристони Хованское ду гурӯҳи зодагони Тоҷикистон ба ҳамдигар муноқиша кардаанд. Ба гуфтаи дастикам […]

Радиои Озодӣ



– Гурӯҳи зодагони Қафқозро, ки дар оромгоҳи шаҳри Маскав ба муҳоҷирони тоҷик дарафтоданд, худи тоҷикон киро кардаанд, – хабар медиҳад

Радиои Озодӣ

бо истинод ба манобеи худ.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар Маскав иттилоъ додаанд, ки дар занозании омавии рӯзи 14 май дар гӯристони Хованское ду гурӯҳи зодагони Тоҷикистон ба ҳамдигар муноқиша кардаанд.

Ба гуфтаи дастикам ду манбаи огоҳ аз ҷараёни ҳодисот, як гурӯҳи ҷавонони тоҷики варзишгар, ки дар як толори гуштии шаҳри Маскав машқ мекарданд, то занозании дирӯза чанд бор ба қабристони Хованское омада, аз мардикорони тоҷик “ҳақ” талаб кардаанд.

Яке аз тоҷиконе, ки дар қабристони Хованское кор мекунад, рӯзи 15 май дар сӯҳбат бо Озодӣ ба далоили амниятӣ аз бурдани номаш худдорӣ карда, вале гуфтааст, ки “чеченҳову доғистониҳоро ба сари мо тоҷикони худамон, ки хоҳари якеаш шавҳари чечен дорад, оварданд. Аввал ҳамчун миёнарав аз номи чеченҳо омада, талаб карданд, ки ба онҳо ҳақ диҳем. Гуфтанд, ки даромади мо аз ин ба баъд бояд ду тақсим шавад – 50 фоиз ба онҳо ва 50 фоиз ба мо. Вале аксари бачаҳои мо дар инҷо 30-40 ҳазор рубл маош мегиранд. Нисфашро ба онҳо бидиҳем, боқимондааш ҳатто барои рӯз бурданамон дар Маскав намерасад. Вақте зӯри худашон нарасид, чеченҳову доғистониҳоро барои “разбор” оварданд. Мо маҷбур асбобҳои кориамон, ҳамон белу белчаҳоямонро гирифтему касе ягон чӯб ё санг ва аз ҳаққи худамон дифоъ кардем.”

Исми дастикам 3 нафар аз ин фиристодаҳои ин гурӯҳи ҷиноӣ ба Радиои Озодӣ маълум будааст, вале ба далоили қонунӣ дар ҳоли ҳозир танҳо бо овардани ҳарфи аввали исми онҳо – Ф., Р. ва З. –худдорӣ кардааст.

Мақомоти Русия низ алакай рӯзи шанбе дар заминаи бархӯрди манфиатҳо рух додани занозании гурӯҳӣ дар Хованскоеро яке аз фарзияҳои асосӣ хонда буданд. Софя Хотина, сухангӯи пулиси Маскав гуфтааст, бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ду гурӯҳ барои минтақаҳои хидматрасониашон дар ин оромгоҳ аз гиребони ҳамдигар гирифтаанд. Манбаи хабаргузории Интерфакс дар пулиси Маскав низ гуфтааст, дар қабристони Хованское намояндагони минтақаи Қафқози Русия бо муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дастбагиребон шудаанд ва сабаби муноқиша ҳам баҳси ду гурӯҳ барои қаламрави нуфуз дар ин оромгоҳ будааст.

Дар Хованское, бинои ба гуфтаи манобеи Озодӣ, ҳудуди 200 зодаи Тоҷикистон – асосан аз Обигарму Роғун ва аз Душанбе – машғули пешаҳое, чун гӯрканӣ, сангтарошӣ, раҳрӯбӣ ва дигар навъҳои хидматрасониҳои марбут ба гӯручӯб ва нигоҳубини мазорҳои ин оромгоҳ буданд. Онҳо дар инҷо аз тариқи ширкатҳои хусусӣ ва ба сурати инфиродӣ ба корафтодагон пешниҳоди хидмат мекардаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май 

дар занозании оромгоҳи Хованское

 дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Зиёда аз 90 иштирокдорони занонзанӣ, аз ҷумла гумонбарони куштор дастгир шуда, беш аз 20 нафар иштирокдорони ин занозанӣ бо захмҳои гуногун ба беморхонаҳои наздик ба макони ҳодиса расонида шуданд.

Ҳамчунин доир ба ин ҳодиса вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Колоколтсев В.А.  ду маротиба 

тариқи телефон суҳбат кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.