Дар АИ саҳми Х.Додихудоев дар рушди таърихи фалсафаро баррасӣ карданд



Дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 17 май бахшида ба 80–солагии узви вобастаи АИ ҶТ Х.Додихудоев дар мавзӯи “Саҳми Х.Додихудоев дар таҳқиқи проблемаҳои илми фалсафаи тоҷик” сессияи илмии АИ ҶТ баргузор гардид.

Аз маркази матбуоти АИ ҶТ хабар доданд, ки дар Сессияи илмӣ бо маърӯзаҳои илмӣ оид ба саҳми Х.Додихудоев дар рушди таърихи фалсафа ноиби президенти АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа Муҳаммад Абдураҳмон ва доктори илмҳои фалсафа М.Т.Маҳмадҷонова баромад намуданд, ки хидматҳои Х.Додихудоевро чун файласуфи шинохта дар Тоҷикистон муаррифӣ карданд.

Бо андешаҳои худ дар мавриди фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Х.Додихудоев академик М.Шабозов, доктори илмҳои фалсафа Х.М.Зиёев, доктори илмҳои фалсафа Р.Назаров ва дигарон изҳори назар карданд.

Баромадкунандагон саҳми Х.Додихудоевро дар рушди таърихи фалсафа дар Тоҷикистон қайд намуд.

Х.Додихудоев олими пурмаҳсул маҳсуб гардида, дар давоми фаъолияти илмиаш беш аз 300 корҳои илмӣ, аз ҷумла 7 монографияро оид ба ҷанбаҳои гуногуни фалсафа нашр намудааст.  

spot_imgspot_img

Популярное