Дастоварди назарраси гуштигирони навраси тоҷик дар Ҷоми бози Осиё

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи XII байналмилалии “Ҷоми бози Осиё” оид ба дзюдо байни навҷавонону наврасон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки рӯзҳои 12-15 май дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон баргузор шуд, 12 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) гирифтанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа наздики […]

ASIA-Plus



Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи XII байналмилалии “Ҷоми бози Осиё” оид ба дзюдо байни навҷавонону наврасон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки рӯзҳои 12-15 май дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон баргузор шуд, 12 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) гирифтанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа наздики 200 варзишгар аз панҷ кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – ширкат варзида, дар 8 вазн ҳам байни писарон ва ҳам миёни духтарон қувваозмоӣ карданд. Ширкаткунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ, инчунин, имсол барои имтиёзҳои олимпӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасони соли 2018 мубориза бурданд.

Дар сабқати навҷавонону духтарон гуштигирони тоҷик 3 медали нуқра ва се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни то 90 кило, Темур Раҳимов дар вазни то 100 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Ду намояндаи дигари Тоҷикистон –  Раҳматуллобек Фарҳодов (-73 кг) ва Ёқубҷон Назиров (-81 кг) – бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Инчунин дар сабқати духтарон Шабнам Раҳимова дар вазни то 48 кг медали биринҷӣ гирифт.

Дар ҳисоби дастаӣ дар сабқати навҷавонон мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 13 медали тилло, 11 нуқра ва 16 биринҷӣ ғолиб шуд. Русия (1-1-1) дувум ва Қазоқистон (1-0-0) севум шуданд. Дастаи Тоҷикистон (0-3-3) дар ҷойи чорум қарор гирифт.

Дар сабқати наврасон варзишгарони тоҷик соҳиби се медали тилло, як  нуқра ва ду биринҷӣ гардиданд. Медалҳои тиллоро ба Тоҷикистон Ҷаҳонгири Шамолӣ дар вазни то 73 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 81 кило ва Шоҳида Қаландарова дар сабқати духтарон дар вазни то 57 кило оварданд. Ёқубҷон Назиров (-81 кг) медали нуқра, Улуғбек Раҳимов (-81 кг) ва Шарифҷон Назриев (-90 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар сабқати наврасон низ мунтахаби Ӯзбекистон (12-10-15) мақоми аввалро касб кард. Тоҷикистон (3-1-2) дувум, Қазоқистон (0-2-1) севум, Русия (0-1-1) чорум ва Қирғизистон бо як медали нуқра панҷум шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.