Таъсири обуҳавои номусоид ба маъракаи кишти пахта



Маъракаи кишти пунбадона дар Тоҷикистон идома дошта,  то ҳол он ба андозаи 88%-и нақшаи пешбинишуда ба иҷро расидааст.

Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ба ҳолати 14 май пунбадона дар майдони ҳудуди 165 ҳазор гектар кишт шудааст. То охири маърака кишти ин зироат дар майдони умумии ҳудуди 188 ҳазор гектар ба нақша гирифта шуда, аз ҷумла тақрибан дар 1,4 ҳазор гектар кишти пахтаи маҳиннах дар назар аст.

Имсол маъракаи кишти пахта дар Тоҷикистон расман нимаи моҳи март оғоз гардида, хоҷагиҳои пахтакор ният доштанд, ки онро то нимаи моҳи май ба охир расонанд, аммо обуҳавои номусоид ба амалисозии ин нақшаҳо имкон надод.

Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 160 ҳазор гектар кишт шуда, дар маҷмӯъ ба даст овардани наздики 390 ҳазор тонна ҳосил дар назар буд, лекин ҷамъоварии ҳамагӣ каме бештар аз 270 ҳазор тонна ҳосил муяссар шуд, ки аз нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 99 ҳазор тонна камтар аст.

Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ кам шудани ҳаҷми истеҳсоли пахтаро ба коҳиши арзиши ин маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, мушкилоти марбут ба дастрасӣ ба об, нархи баланди нуриҳои минералӣ ва дигар сабабҳо нисбат дода буданд.

spot_imgspot_img

Популярное