Барои азнавсозии фурудгоҳи Хуҷанд 15 млн. $ зарур аст



Барои таъмиру азнавсозӣ ва таҷдиди техникии Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд тақрибан ҳудуди 15 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст

.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, лоиҳаи сармоягузории мазкур ба таъмиру азнавсозии иқтидорҳои истеҳсолии амалкунандаи фурудгоҳ ва то дараҷаи 1-уми Созмони байнулмилалии авиатсияи гражданӣ расонидани онҳо нигаронида шудааст.

Лоиҳа корҳои сохтмону насб ва таҷдиди фарши аэродром, харидории таҷҳизоти рӯшноиву овозӣ, корҳои лоиҳавӣ ва гузоштани чароғакҳои шиддатнокиашон баланд бо самти фурудоиро дар бар мегирад.

Дар лоиҳа ҳамчунин иҷрои корҳои сохтмону насб оид ба таҷдиди перрон (тарҳи нави ҷойҳои таваққуфгоҳ ва васеъ намудани он) ба нақша гирифта шудааст.

Барои таъмиру азнавсозӣ ва таҷдиди техникии Фрудугоҳи байнулмилалии Хуҷанд ҷалби қарзҳои имтиёзнок пешбинӣ гардида, муҳлати худкифоӣ (хароҷотбарорӣ)-и он 9 солро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки чанд рӯз пеш Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

дар ин робита хабар дода буд

, ки корҳои таъмиру азнавсозиии ин фурудгоҳ аз ҳисоби мабалғҳои худи Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ва кумаки молии Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба роҳ монда мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное