Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Туркия дар Душанбе

Дар доираи сафари соҳибкорони Туркия ба Тоҷикистон рӯзи 19 май дар шаҳри Душанбе форуми доираҳои корӣ ва иҷоратии Тоҷикистону Туркия доир гардид. Зимни вохӯрӣ маросимҳои муаррифии имконоти сармоягузориҳои ҳарду кишвар ва гуфтушунидҳои дуҷониба миёни соҳибкорон барпо шуда, дар кори форум намояндагони ширкатҳои содиркунандаи маҳсулоти Туркия дар соҳаҳои сохтмон, низоми обёриву, бунёди гармхонаҳо, коркарди маснӯоти чӯбу […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари соҳибкорони Туркия ба Тоҷикистон рӯзи 19 май дар шаҳри Душанбе форуми доираҳои корӣ ва иҷоратии Тоҷикистону Туркия доир гардид.

Зимни вохӯрӣ маросимҳои муаррифии имконоти сармоягузориҳои ҳарду кишвар ва гуфтушунидҳои дуҷониба миёни соҳибкорон барпо шуда, дар кори форум намояндагони ширкатҳои содиркунандаи маҳсулоти Туркия дар соҳаҳои сохтмон, низоми обёриву, бунёди гармхонаҳо, коркарди маснӯоти чӯбу хоҷагии ҷангал, истеҳсоли равған, маҳсулоти чорводорӣ, коркарди сабзавоту мева, саноати хӯроквориву истеҳсоли мебел ва маводи пӯшиши барқӣ, IT-технологияҳо, маҳсулоти оҳану пӯлод ва дигар маснӯоти металлӣ, низомҳои гармидиҳии иффиродӣ ва марказӣ ва ғайра ширкат варзиданд.

Дар робита ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни кишварҳо муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова изҳор дошт, ки «таҳкурсии муносибатҳои Тоҷикистону Туркия ба решаҳои мустаҳкаму таърихӣ ва робитаҳои фарҳангӣ миёни мардуми кишварҳо асос ёфтааст».

Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистон аз талоши ширкатҳои таҳвилгари Туркия барои ҳамкории бештар фаъолона бо тоҷирони тоҷик ва мусоидат ба афзоиши ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба истиқбол мекунад.

«Сафари намояндагони ширкатҳои содиротии Туркия ба Душанбе таҷассуми хеле хуби эътимод ба иқтисоди дар ҳоли рушд қарордоштаи Тоҷикистон буда, тиҷорати беҳтарин тиҷорат ба хотири тиҷорат, пешрафт ва рушд аст», -зикр кард сафири Туркия дар Тоҷикистон Айхон Акиф ва ба ҳозирин гуфтушунидҳои бобарору пурсамар орзу намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.