Барои азнавсозии фурудгоҳи Хуҷанд 15 млн. $ зарур аст

Барои таъмиру азнавсозӣ ва таҷдиди техникии Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд тақрибан ҳудуди 15 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст . Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, лоиҳаи сармоягузории мазкур ба таъмиру азнавсозии иқтидорҳои истеҳсолии амалкунандаи фурудгоҳ ва то дараҷаи 1-уми Созмони байнулмилалии авиатсияи гражданӣ расонидани онҳо нигаронида шудааст. Лоиҳа корҳои сохтмону […]



Барои таъмиру азнавсозӣ ва таҷдиди техникии Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд тақрибан ҳудуди 15 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст

.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, лоиҳаи сармоягузории мазкур ба таъмиру азнавсозии иқтидорҳои истеҳсолии амалкунандаи фурудгоҳ ва то дараҷаи 1-уми Созмони байнулмилалии авиатсияи гражданӣ расонидани онҳо нигаронида шудааст.

Лоиҳа корҳои сохтмону насб ва таҷдиди фарши аэродром, харидории таҷҳизоти рӯшноиву овозӣ, корҳои лоиҳавӣ ва гузоштани чароғакҳои шиддатнокиашон баланд бо самти фурудоиро дар бар мегирад.

Дар лоиҳа ҳамчунин иҷрои корҳои сохтмону насб оид ба таҷдиди перрон (тарҳи нави ҷойҳои таваққуфгоҳ ва васеъ намудани он) ба нақша гирифта шудааст.

Барои таъмиру азнавсозӣ ва таҷдиди техникии Фрудугоҳи байнулмилалии Хуҷанд ҷалби қарзҳои имтиёзнок пешбинӣ гардида, муҳлати худкифоӣ (хароҷотбарорӣ)-и он 9 солро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки чанд рӯз пеш Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

дар ин робита хабар дода буд

, ки корҳои таъмиру азнавсозиии ин фурудгоҳ аз ҳисоби мабалғҳои худи Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ва кумаки молии Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба роҳ монда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.