Имкони ивази Шодӣ Шабдолов дар мансаби раиси ҲКТ



Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ба анҷумани навбатӣ омодагӣ мегирад, ки дар он ҳисобот доир ба фаъолияти ҳизб тайи панҷ соли охир таҳлилу баррасӣ шуда, интихоби ҳайати нави роҳбарии ҳизб дар назар аст.

Котиби Кумитаи марказии ҲКТ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки анҷумани 32-юми ҳисоботӣ-интихоботии коммунистони тоҷик санаи 2 июли соли равон дар дафтари кории марказӣ дар шаҳри Душанбе доир гардида, айни замон дар вилояту шаҳру навоҳӣ маҷлисҳои ҳисоботиву интихоботии ташкилотҳои ҳизб дар маҳалҳо ҷараён доранд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар анҷуман интихоби ҳайати нави раҳбарии ҲКТ, аз ҷумла раиси ҳизб ба нақша гирифта шудааст, зеро муҳлати ваколати ҳайати раҳбарии амалкунанда 6 июл ба охир мерасад.

Зимнан зикр гардид, ки дар анҷуман шояд платформаи нави ҳизб низ тасдиқ карда шавад. «Ба платформаи ҳизб дар шароити муосир ворид намудани тағйироту иловаҳои муайян аз эҳтимол дур нест», – афзуд И.Талбаков.

Қобили зикр аст, ки муддати 25 сол раҳбарии ҲКТ-ро Шодӣ Шабдодов ба уҳда дорад, ки моҳи октябри соли равон 73-сола мешавад. Дар панҷ даъват ӯ вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуда, дар интихоботи ахир Ҳизби коммунист 5% раъйи заруриро ба даст оварда натавонист ва аз курсии вакилӣ маҳрум шуд.

Айни замон шумори умумии аъзои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 37 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

spot_imgspot_img

Популярное