Оғози фаъолияти Маркази технологияҳои молиявии Русия дар Душанбе

Маркази технологияҳои молиявӣ – гурӯҳи ширкатҳои инноватсионии машғули кор дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ барои бахши молия ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон оғоз намуд. Тавре аз ин дафтари кории ин марказ хабар доданд, ин сеюмин марказ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ду маркази дигар дар шаҳрҳои Алмаато (Қазоқистон) ва Кишинёв (Молдова) фаъолият доранд. Ба […]



Маркази технологияҳои молиявӣ – гурӯҳи ширкатҳои инноватсионии машғули кор дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ барои бахши молия ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон оғоз намуд.

Тавре аз ин дафтари кории ин марказ хабар доданд, ин сеюмин марказ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ду маркази дигар дар шаҳрҳои Алмаато (Қазоқистон) ва Кишинёв (Молдова) фаъолият доранд.

Ба иттилои манбаъ, марказ дар Тоҷикистон ба рушди маҳсулоти муосири автоматикунонии бонкӣ, ҷорисозӣ ва истифодаи ҳарчи бештари IT-технологияҳои муосир дар бонкҳо машғул шуда, тарзу воситҳои фаъолияти марказ дар бонкҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Молдова муваффақона ба кор бурда мешаванд.

Ба гуфтаи Андрей Фомичев, муовини раиси раёсати марказ, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки рушди Тоҷикистон, Агроинвестбонк, Бонки Эсхата, Конт Бонк, Фонон Бонк, Амонатбонк, ташкилоти хурди қарзии «Ҳумо» шарикони марказ дар Тоҷикистон мебошанд.

«Бозори молии Тоҷикистон дорои дурнамои хуб барои рушд аст ва вазифаи мо – ба ҳар кадоме аз шарикон таъмин кардани тарзи корбарии инфиродӣ ва натиҷаи хушсифати фаъолият аст», – иброз доштааст Фомичев.

Зимнан зикр гардид, ки баргузории чорабинии тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи дафтари кории Маркази технологияҳои молиявӣ дар Душанбе моҳи июни соли равон дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.