Имкони ивази Шодӣ Шабдолов дар мансаби раиси ҲКТ

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ба анҷумани навбатӣ омодагӣ мегирад, ки дар он ҳисобот доир ба фаъолияти ҳизб тайи панҷ соли охир таҳлилу баррасӣ шуда, интихоби ҳайати нави роҳбарии ҳизб дар назар аст. Котиби Кумитаи марказии ҲКТ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки анҷумани 32-юми ҳисоботӣ-интихоботии коммунистони тоҷик санаи 2 июли соли равон дар дафтари […]

ASIA-Plus



Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ба анҷумани навбатӣ омодагӣ мегирад, ки дар он ҳисобот доир ба фаъолияти ҳизб тайи панҷ соли охир таҳлилу баррасӣ шуда, интихоби ҳайати нави роҳбарии ҳизб дар назар аст.

Котиби Кумитаи марказии ҲКТ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки анҷумани 32-юми ҳисоботӣ-интихоботии коммунистони тоҷик санаи 2 июли соли равон дар дафтари кории марказӣ дар шаҳри Душанбе доир гардида, айни замон дар вилояту шаҳру навоҳӣ маҷлисҳои ҳисоботиву интихоботии ташкилотҳои ҳизб дар маҳалҳо ҷараён доранд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар анҷуман интихоби ҳайати нави раҳбарии ҲКТ, аз ҷумла раиси ҳизб ба нақша гирифта шудааст, зеро муҳлати ваколати ҳайати раҳбарии амалкунанда 6 июл ба охир мерасад.

Зимнан зикр гардид, ки дар анҷуман шояд платформаи нави ҳизб низ тасдиқ карда шавад. «Ба платформаи ҳизб дар шароити муосир ворид намудани тағйироту иловаҳои муайян аз эҳтимол дур нест», – афзуд И.Талбаков.

Қобили зикр аст, ки муддати 25 сол раҳбарии ҲКТ-ро Шодӣ Шабдодов ба уҳда дорад, ки моҳи октябри соли равон 73-сола мешавад. Дар панҷ даъват ӯ вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуда, дар интихоботи ахир Ҳизби коммунист 5% раъйи заруриро ба даст оварда натавонист ва аз курсии вакилӣ маҳрум шуд.

Айни замон шумори умумии аъзои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 37 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.