Обама марги пешвои Толибонро аз зарбаи ҳавоии ИМА тасдиқ кард



Президенти Иёлоти Мутатҳидаи Амрико Барак Обама кушта шудани пешвои ҳаракати тундгарои «Толибон» Ахтар Мансурро бар асари зарбаи ҳавоии нерӯҳои кишвараш тасдиқ намуд.

«Мо пешвои ташкилотеро, ки ҳамроҳ бо гурӯҳҳое чун «Ал-Қоида» амалҳояшро мувофиқа кардаву ба тарҳрезии суиқасду ҳамла ба нерӯҳои амрикоӣ ва қувваҳои ҳарбии эътилоф ва ҳамчунин роҳандозии ҷанг алайҳи мардуми афғон идома медод, аз байн бурдем», – овардааст изҳороти президенти ИМА-ро хабаргузории 

РИА «Новости»

бо истинод ба агентии Agence France-Presse.

Сарвари давлати ИМА ҳамчунин қайд кардааст, ки марги пешвои ҳаракати «Толибон» «марҳилаи муҳим» дар талоши расидан ба сулҳу созиш дар Афғонистон аст.

Тибқи иттилои қаблӣ, пешвои ҳаракати «Толибон» дар Афғонистон мулло Ахтар Мансур яқинан зимни зарбаҳои ҳавоии ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар марзи Афғонистону Покистон кушта шудааст. Хадамоти махсуси Афғонистон низ кушта шудани Мансурро тасдиқ кардаанд.

spot_imgspot_img

Популярное