Мутобиқи тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ, соли равон бо ибтикори шоҳи Арабистони Саудӣ барои сохтмони маҷмааи бинои парлумонӣ дар Душанбе воситаҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.
Ин нукта зимни мулоқоти раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх зикр гардид. Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ бо сафари серӯза дар Тоҷикистон қарор дорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ изҳори назар кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори итминон кардааст, ки тавассути таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла фаъолияти гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ, барои татбиқи амалӣ ва ҳадафноки созишномаҳои баимзорасида дар сатҳи байнидавлатӣ замина муҳайё мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки раиси парлумони Арабистони Саудӣ Маҳмадсаид Убайдуллоевро даъват кардааст, ки дар ҳама гуна вақти барояш қулай ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафари расмӣ анҷом диҳад.





