Гуфтугӯи телефонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон



Шоми рӯзи 26 май Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Казоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтугӯи телефонӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, суҳбати телефонӣ бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон сурат гирифта, зимни он роҳбари Ҷумҳурии Казоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд ва хоҳони рушду шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистон гардид.

Гуфта мешавад, ҳамчунин сарони ду кишвари дӯст оид ба масъалаҳои амнияту суботи минтақавӣ табодули афкор карда, масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

spot_imgspot_img

Популярное