Иштироки дабири кулли КМО дар кори Шӯрои олимпии Осиё

Рӯзи 26 май дар шаҳри Остона бори нахуст Ассамблеяи генералии минтақаи осиёимарказии Шӯрои олимпии Осиё доир гардид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон, дар кори он президенти Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон Тимур Қулибоев, вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Аристанбек Муҳаммадиули, намояндагони Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамчунин Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон, Туркманистон, […]

ASIA-Plus



Рӯзи 26 май дар шаҳри Остона бори нахуст Ассамблеяи генералии минтақаи осиёимарказии Шӯрои олимпии Осиё доир гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон, дар кори он президенти Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон Тимур Қулибоев, вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Аристанбек Муҳаммадиули, намояндагони Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамчунин Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон, Туркманистон, Афғонистон, Эрон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар кори Ассамлеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё дабири кулли КМО Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев намояндагӣ кард.

Дар вохӯрӣ паёми шодбошии президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал Сабоҳ қироат шуда, масоили истифодаи муштараки иншооти варзишӣ дар қаламрави Қазоқистон барои навъҳои зимистонаи варзиш аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви минтақаи Осиёи Марказӣ, рушди ҳаракати олимпӣ дар минтақа, иштироки фаъолонаи кишварҳои минтақа дар фаъолияти Шӯрои олимпии Осиё ва дар маҷмӯъ рушду варзиш дар ин кишварҳо баррасӣ шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон ва Кумитаҳои олимпии кишварҳои дар боло зикршуда ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Қобили зикр аст, ки моҳи гузашта президенти Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон Тимур Қулибоев бо қарори якдилонаи кумитаи иҷроия ба вазифаи ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё таъин шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.