Оғози лоиҳаии нави ФАО оид ба навсозии низоми обёрӣ

Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) амалисозии лоиҳаи нав «Идоракунии обёрӣ бо назардошти хизматрасонӣ»-ро, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва навсозии системаи обёрии Тоҷикистон равона шудааст, оғоз мекунад.    Баҳрабарандагони бевоситаи лоиҳаи мазкур, ки  маблағаш  468 000 доллари америкоиро ташкил медиҳад ва дар зарфи ду сол амалӣ мегардад, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аъзоёни Ассосиатсияҳои […]

Иттилоияи расмӣ



Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) амалисозии лоиҳаи нав «Идоракунии обёрӣ бо назардошти хизматрасонӣ»-ро, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва навсозии системаи обёрии Тоҷикистон равона шудааст, оғоз мекунад.

  

Баҳрабарандагони бевоситаи лоиҳаи мазкур, ки  маблағаш  468 000 доллари америкоиро ташкил медиҳад ва дар зарфи ду сол амалӣ мегардад, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аъзоёни Ассосиатсияҳои маҳаллии истифодабарандагони об ва Федератсияи ассосиатсияи истифодабарандагони об дар системаи обёрии канали Говкуши  ноҳияи Ваҳдат дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ва ноҳияи Файзобод ҳастанд, ба ҳисоб мераванд.

“Лоиҳа ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи истифодарандагони  об дар идораи захираҳои обӣ ва аз худ кардани таҷрибаи беҳтарини ФАО дар баландбардоштани даромаднокии   кишоварзии обёришаванда мусоидат менамояд”, – мегӯяд Виорел Гутсу, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

Дар чорчӯбаи лоиҳаи мазкур як қатор тадбирҳо оиди коркарди сиёсат ва усули ҷорӣ намудани технологияҳои  инновасионии ФАО дар масъалаҳои навкунии системаҳои обёрӣ ташкил карда мешаванд.

Барои деҳқонон тренингҳо барои тренерон (ТОТ) дар мавзӯи идораи захираҳои обӣ ташкил карда мешаванд. Барои гидротехникони Ассосиатсияҳои маҳаллии истифодабарандагони об ва Федератсияи ассосиатсияи истифодабарандагони об бошад, омӯзишҳо оиди истифода ва  хизмати  системаҳои обёрӣ гузаронида мешаванд.

Барои боз ҳам босамар ҷорӣ гаштани лоиҳа, ФАО таҷҳизоти дахлдор, аз он ҷумла, 2 экскаватор, харитаи дастии GPSва асбоби GPS, ҳамчунин воситаҳои махсуси кишоварзӣ, асбобҳои дастӣ ва таҷҳизоти компютериро харидорӣ менамояд.

Барои хизматрасонии машваратӣ ба истифодабарандагони об ФАО ба ҷалби ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва кооперативҳое, ки дар самти мазкур фаъолият меварзанд,  сайъ мекунад. Ҳамчунин, намояндагони бахши хусусӣ дар таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ даъват карда мешаванд.

ФАО бо Федератсияи ассосиатсияи истифодабарандагони об, Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои донишпаҳнкунанда, ташкилотҳои ғайридавлатии дахлдор ҳамкорӣ мекунад ва коршиносони беҳтарини маҳаллиро ҷалб менамояд.


Маълумот:

Баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолият  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми зиёди системаи обёрӣ бетаваҷҷӯҳ монда дар натиҷа тавоноии он талаф ёфт. Аз он замон то ин дам таъмини об ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ғайриқаноатбахш буда, тақрибан 39 000 гектар замини кишт аз истеҳсоли кишоварзӣ бароварда шуд.

Тақрибан аз як панҷ ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва беш аз 50 фоизи шуғл, соҳаи кишоварзӣ барои иқтисодиётӣ кишвар ҳамчун соҳаи калидӣ боқӣ мемонад. Cоҳаи кишоварзӣ аз обёрӣ вобастагии хеле калон дорад ва зиёда аз 80 фоизи майдони кишти обёришавандаро дар бар мегирад. Бо вуҷуди ин, маҳсулнокии кунунии зерсохторҳои обёрӣ ва заҳкаш паст буда, самаранокии системаи обёрии миллӣ танҳо 40-50 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин замина, Агентии навтаъсиси беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ФАО ҷиҳати дастгирии рушди тавоноӣ дар соҳаи таҷдиди системаи обёрӣ ва идоракунии оби дар хоҷагии деҳқонӣ кўмаки техникӣ дархост намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.