Боздошти сокини Кобул бо беш аз 40 кило ҳашиш



Кормандони милитсияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 29 май шаҳрванди 52-солаи Афғонистон, сокини шаҳри Кобулро, ки муваққатан дар пойтахти Тоҷикистон иқомат доштааст, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,  гумонбаршуда бо маслиҳати пешакӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҳаммаслаконаш маводи мухаддирро пинҳон кардаанд.

«Дар вақти гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ аз мавзеи пинҳонкардашудаи ҷинояткорон 40 килою 600 грамм маводи нашъадори навъи “ҳашиш” дарёфт ва мусодира карда шуд», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, барои муайян ва дастгир кардани ҳаммаслакони гумонбаршуда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот давом дорад.  

spot_imgspot_img

Популярное