Боздиди навбатии сарвазир аз МБГ Душанбе-2

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода рӯзи 28 май бори навбатӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 шинос шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , сохтмони ин иншоот  бар асоси созишномаи қарзии қаблан баимзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва «Эксимбонк»-и Чин ҷараён дошта, дар бунёди он беш аз 1000 мутахассиси тоҷик ва […]



Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода рӯзи 28 май бори навбатӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 шинос шуд.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, сохтмони ин иншоот  бар асоси созишномаи қарзии қаблан баимзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва «Эксимбонк»-и Чин ҷараён дошта, дар бунёди он беш аз 1000 мутахассиси тоҷик ва чинӣ ҷалб шудааанд.

Гуфта мешавад, сарвазири ҷумҳурӣ ҳамчунин аз маҳалли бунёди нуқтаҳои марказии тақсимоти  гармӣ ва шоҳқубурҳои  интиқоли  гармӣ дар қитъаҳои алоҳидаи шаҳри Душанбе ва мавзеи бунёди анбори нигоҳдории ангишт барои 450 ҳазор тонна боздид кардааст.

Ба сарвазир маълумот дода шудааст, ки айни замон корҳои бунёди МБГ дар марҳилаи дуюм ба андозаи беш аз 75 фоиз ба анҷом расида, 90 фоизи таҷҳизоти зарурӣ аллакай дастрас шудааст.

Расулзода ба роҳбарони сохторҳои дахлдори сохтмон дастур додааст, ки ба сифати корҳои сохтмон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон дар ин робита зикр гардида буд, ки давоми се соли оянда иқтидори МБГ Душанбе-2 бояд аз 100 МВт-и ҳозира то ба 400 МВт расонида шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.