Ҳукумат андоз аз фурӯши нахи пахтаро бекор карданист

Барои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳукумати Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016»-ро ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол намуд, ки дар он барои корхонаву ташкилотҳои ҷудогона имтиёзоти андозӣ дар соли 2016 пешбинӣ шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, […]



Барои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳукумати Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016»-ро ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол намуд, ки дар он барои корхонаву ташкилотҳои ҷудогона имтиёзоти андозӣ дар соли 2016 пешбинӣ шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи ин тағйирот андоз аз фурӯши нахи пахта бекор шуда, вале ба ҷойи он андози нав – боҷи содиротӣ дар ҳаҷми 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротмешуда ҷорӣ мегардад.

Ғайр аз ин, ҳукумат пешниҳод кардааст, ки барои корхонаҳои бахши сохтмон, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои хӯроки умумӣ ҳаҷми андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) то 5% кам карда шавад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми андоз аз арзиши иловашуда барои тамоми андозсупорандагон ба андозаи 18% муқаррар шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".