Эҳтимоли бозгашти оммавии муҳоҷирон ба ватан

Олимони тоҷик бозгашти оммавии муҳоҷирони корӣ аз Русия ва оқибатҳои имконпазири манфии он ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ҷумҳуриро аз эҳтимол дур намедонанд. Дар ин бора дар таҳқиқоти Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон изҳори назар шудааст, ки дар ҷараёни кори мизи гирд дар Душанбе таҳти унвони «Мушкилоти муҳоҷирати корӣ ва роҳҳои […]



Олимони тоҷик бозгашти оммавии муҳоҷирони корӣ аз Русия ва оқибатҳои имконпазири манфии он ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ҷумҳуриро аз эҳтимол дур намедонанд. Дар ин бора дар таҳқиқоти Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон изҳори назар шудааст, ки дар ҷараёни кори мизи гирд дар Душанбе таҳти унвони «Мушкилоти муҳоҷирати корӣ ва роҳҳои ҳалли он» садо дод.

Коршиносони ин соҳа қайд кардаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон баҳри бо шуғл фаро гирифтани муҳоҷирони баргашта тадбирҳо меандешад, ҳифзи иҷтимоии онҳро таъмин мекунад ва касбҳои заруриро меомӯзонад, вале бо назардошти вазъи буҳронии вуҷуддошта, ин тадбирҳо кофӣ нестанд.

Дар ҳамин ҳол, таъкид мешавад, ки муҳоҷирони баргашта ба тағйироти муосири иҷтимоӣ ва рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат карда метавонанд, зеро аксари муҳоҷирон бо донишу касби технологияҳои нав бармегарданд.

«Бо натиҷагирӣ аз таҳлили вазъи муҳоҷират дар Тоҷикистон ва вазъи қариб тағйирнаёбандаи муҳоҷирони корӣ нисбат ба масъалаҳои таъмини ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии онҳо, метавон гуфт, ки раванди бозгашти муҳоҷирон – шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан солҳои наздик тақрибан бо ҳамин суръат идома меёбад. Аз ин рӯ, оид ба азнавсозии иқтисоди кишвар ва ҳамгиройии муҳоҷирони баргашта ва оилаҳои онҳо, андешидани тадбирҳои муҳиму ҷиддӣ зарур буда, дар ин самт мебояд таҳқиқоти илмӣ анҷом дод», – гуфтаанд олимон.

Бино ба маълумоти Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба дараҷаи «аҳолии ғайрифаъол» мансубанд, тайи 23 соли ахир қариб 4 баробар афзудааст.

Соли 1991 шумори захираҳои кории Тоҷикистон 2 млн. 577 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 1 млн. 971 ҳазор нафар аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъол шуморида мешуданд. Шаҳрвандони боқимонда – 606 ҳазор нафар «аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ ғайрифаъол» дониста мешуданд, яъне онҳо дар маълумоти афроди дар дохили кишвар бо ҷойи корӣ таъминшуда шомил набуданд.

То соли 2014 шумори захираҳои корӣ дар Тоҷикистон то 4 млн. 866 ҳазор нафар афзуд, ки аз ин миқдор 2 млн. 479 ҳазор нафарашон аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъол ва боқимонда 2 млн. 387 нафар «аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ ғайрифаъол» дониста мешаванд.

«Ин омил дар ҳолати беамалии мақомоти дахлдори давлатӣ ба афзоиши минбаъдаи ҷараёни муҳоҷирати корӣ мусоидат намуда, давлатро дар вазъи ноилоҷӣ қарор медиҳад», – гуфта мешавад дар таҳқиқот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз таваққуфи семоҳа хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Теҳрон аз сар гирифта шуданд

Ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” зиёда аз 90 мусофиронро ба Душанбе овард.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.