Президенти Русия Владимир Путин ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона ташриф овард. Дар ин бора торнамои расмии Кремл хабар медиҳад.
Имрӯз, 31 май дар ҷаласаи мазкур сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – Қазоқистон, Русия, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон дурнамои густариши ҳамгиройӣ, аз ҷумла ташаккули бозорҳои умумии нафту газ ва маҳсулоти нафтиро баррасӣ намуда, оид ба масъалахои тавсеъаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва иттиҳодияҳои минтақавии ҳамгиройӣ табодули назар мекунанд.
Пас аз вохӯриву дигар чорабиниҳои расмӣ раиси Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ Тигран Саркисян аз натиҷаҳои ҷаласа маълумот хоҳад дод.
Гуфта мешавад, дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин вохӯрии дуҷонибаи сарони кишварҳои Қазоқистону Русия Нурсултон Назарбоев ва Владимир Путин дар назар аст.



