Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низоми «Юнистрим» 19% афзуд

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон бо рубл тариқи низоми байнулмилалии пардохти «Юнистрим» ба андозаи 19% афзуд. Дар маълумоти «Юнистрим» дар ин робита зикр мегардад, ки давоми моҳҳои январ-марти соли 2016 ҳаҷми муомилот бо рубл ҳудуди 50 млрд.-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7% бештар […]

ASIA-Plus



Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон бо рубл тариқи низоми байнулмилалии пардохти «Юнистрим» ба андозаи 19% афзуд.

Дар

маълумоти

«Юнистрим» дар ин робита зикр мегардад, ки давоми моҳҳои январ-марти соли 2016 ҳаҷми муомилот бо рубл ҳудуди 50 млрд.-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7% бештар буда, дар ин давра ҳаҷми афзоиши интиқоли маблағҳо ба хориҷи кишвар 11% афзудааст.

«Афзоиши нисбатан бештар дар ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия бо рубл дар кишарҳои зерини ИДМ ба қайд гирифта шудааст: Қирғизистон (+45%), Қазоқистон (+30%) ва Тоҷикистон (+19%). Пешсафони самти кишварҳои хориҷи дур инҳоянд: Чехия (+300%), Туркия (+200%) ва Филиппин (+1300%)», – қайд мешавад дар маълумоти «Юнистирим».

Бино ба

маълумоти

Бонки марказии Русия, семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ тариқи низомҳои пардохт дар маҷмӯъ 914 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.