Ихроҷи беш аз 5,5 ҳазор нафар муҳоҷирон аз Русия

Дар ҷараёни ду амалиёти махсуси мақомоти пулиси шаҳри Маскав тайи моҳи равон беш аз 5,5 ҳазор нафар муҳоҷирон аз Русия хориҷ карда шуданд. Бино ба маълумоти Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав, ин амалиётҳо таҳти унвонҳои «Нелегал-2016» ва «Заслон-2016» аз 5 то 25 май сурат гирифтаанд. Зимни ин амалиёт беш аз 14 ҳазор ҳолатҳои риоя […]



Дар ҷараёни ду амалиёти махсуси мақомоти пулиси шаҳри Маскав тайи моҳи равон беш аз 5,5 ҳазор нафар муҳоҷирон аз Русия хориҷ карда шуданд.

Бино ба

маълумоти

Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав, ин амалиётҳо таҳти унвонҳои «Нелегал-2016» ва «Заслон-2016» аз 5 то 25 май сурат гирифтаанд.

Зимни ин амалиёт беш аз 14 ҳазор ҳолатҳои риоя нашудани талаботи қонунгузории муҳоҷират, 6 ҷиноят дар самти ифротгароӣ ошкору ба қайд гирифта шуда, беш аз 150 ҷинояткори мавриди ҷустуҷӯи федералӣ ва байнулмилалӣ қарордошта боздошт ва фаъолияти 4 гурӯҳи этникӣ қатъ карда шудааст.

Дар доираи амалиётҳо 362 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, беш аз 14 ҳазор санадҳои маъмурӣ таҳия ва зиёда аз 5,5 ҳазор нафар аз қаламрави Русия хориҷ шудаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои баррасии парвандаҳои маъмурӣ оид ба риоя накардани талаботи қонунгузории муҳоҷират дар судҳо, қонуншиканон дар ҳаҷми беш 36 млн. рубл ҷаримабандӣ шудаанд.

Зимни баргузори амалиёти «Заслон» 893  ҷойҳои гирдиҳамоӣ (тамаркуз)-и шаҳрвандони этникӣ, 51 макони адои ғайриқонунии расму оинҳои динӣ ошкор гардида, аз рӯи 43 далели ошкоршуда адабиёти дорои хусусияти ифротгароӣ мусодира шудааст.

Ҳамчунин дар ҷараёни амалиёт 43 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ ва маводу дастгоҳҳои тарканда ошкор ва беш аз 3 ҳазор кофтуковҳо гузаронида шуда, зиёда аз 65 ҳазор воситаҳои нақлиёт аз назар гузаронида шудаанд ва ҳудуди 2 кило маводи мухаддиру наздики 180 адад силоҳ дарёфт ва мусодира шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.