Сарони кишварҳои ИИАО роҳу воситаҳои ҳамгиройиро баррасӣ мекунанд

Президенти Русия Владимир Путин ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона ташриф овард. Дар ин бора торнамои расмии Кремл хабар медиҳад. Имрӯз, 31 май дар ҷаласаи мазкур сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – Қазоқистон, Русия, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон дурнамои густариши ҳамгиройӣ, аз ҷумла ташаккули […]



Президенти Русия Владимир Путин ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона ташриф овард. Дар ин бора торнамои расмии Кремл хабар медиҳад.

Имрӯз, 31 май дар ҷаласаи мазкур сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – Қазоқистон, Русия, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон дурнамои густариши ҳамгиройӣ, аз ҷумла ташаккули бозорҳои умумии нафту газ ва маҳсулоти нафтиро баррасӣ намуда, оид ба масъалахои тавсеъаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва иттиҳодияҳои минтақавии ҳамгиройӣ табодули назар мекунанд.

Пас аз вохӯриву дигар чорабиниҳои расмӣ раиси Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ Тигран Саркисян аз натиҷаҳои ҷаласа маълумот хоҳад дод.

Гуфта мешавад, дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин вохӯрии дуҷонибаи сарони кишварҳои Қазоқистону Русия Нурсултон Назарбоев ва Владимир Путин дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.