Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИ ҶТ) рӯзи 31 май бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ Конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявии “Ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва масоили консептуалии рушди давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид.
Тавре Шервони Умриддин, котиби матбуотии АИ ҶТ хабар дод, Конфронсро ноиби президенти АИ ҶТ, раиси шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, академик Кароматулло Олимов ифтитоҳ намуд. Зимни баргузории Конфронс ӯ иброз намуд, ки шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки имрӯз масъалаи бисёр муҳим аст, на танҳо барои наздик кардани мамлакатҳову халқҳо шароит муҳайё намудааст, балки хатарҳои ҷаҳонӣ низ ба вуҷуд оварда, ба давлатҳои хурди соҳибистиқлол таҳдидҳо бештар гардидаанд.
Сипас, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар мавзӯи “Истиқлоли сиёсӣ – таъмини пирӯзии миллат”, мудири шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдаров Р.Ҷ. дар мавзӯи “НБО – и Роғун ҳамчун омили геополитикии таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ”, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ АИ ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқ Буриев И.Б. дар мавзӯи “Масоили таърих, таъриф ва унсурҳои давлатдорӣ дар илми ҳуқуқ”, муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Каримзода Карим Мазиё дар мавзӯи “Истиқлолиятхоҳӣ ва давлатдории миллӣ” бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Кори конфронс дар бахшҳои фалсафаю сиёсатшиносӣ ва давлату ҳуқуқ идома ёфта, олимону унвонҷӯён бо муаррифӣ намудани манфиатҳо ва аҳамияти бузурги пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ ёдовар гардиданд. Ҳамчунин, вобаста бо авзои сиёсии Осиёи Марказӣ дар иртибот бо омилҳои геополитикӣ ҳифз ва комил гардидани андешаҳои сиёсиву фалсафӣ баррасӣ шуданд.





