Машғулиятҳо барои кормандони сафорату консулгариҳо оид ба мубориза бо савдои одамон

Дар давраи омӯзишӣ дар мавзӯъи мубориза бо савдои одамон, ки имрӯз, 1-уми июн дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад, кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои беруна иштирок мекунанд. Тавре аз намояндагии Созмони Байналмиллаии муҳоҷират дар ҶТ иттилоъ доданд, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафорату консулгариҳои Тоҷикистон, ки дар ин давраи омӯзишӣ иштирок доранд, […]

Иттилоияи расмӣ



Дар давраи омӯзишӣ дар мавзӯъи мубориза бо савдои одамон, ки имрӯз, 1-уми июн дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад, кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои беруна иштирок мекунанд.

Тавре аз намояндагии Созмони Байналмиллаии муҳоҷират дар ҶТ иттилоъ доданд, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафорату консулгариҳои Тоҷикистон, ки дар ин давраи омӯзишӣ иштирок доранд, бо нақши Механизми миллии бозравонӣ дар самти муайянсозӣ ва бозравонии қурбониёни савдои одамон ба ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ шинос мешаванд.

Давраи омӯзишии мазкур аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи назорат ва мубориза бо савдои одамони Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида (J/TIP) ташкил шудааст.  

Савдои одамон як навъи ғуломдории замони имрӯз буда, инсонро бо ҳадафи истисмори корӣ ё шаҳвонӣ ва ё манфиати молӣ мавриди тиҷорат қарор медиҳад. Азбаски тиҷорати инсон ҷинояти фаромарзӣ мебошад ва бисёре аз қурбониён дар кишварҳои дигар қарор дошта, ниёзманди дасти ёриянд, сафоратҳо, консулгариҳо ва хадамоти муҳочират ба ҳайси нуқтаи нахустини тамос миёни ватан ва қурбониён дар раҳоии онҳо ва наҷоти ҳаёту сарнавишти онҳо нақши калидиро мебозанд. Таълими малакаҳои зарурӣ ба шахсони вазифадори ин сохторҳо дар муборизаи муассир бо савдои одамон дар Тоҷикистон саҳм мегузорад.

Иштирокдорони давраи омӯзишӣ вазъи савдои одамонро дар Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории навини миллӣ ва санадҳои байналмилалиро баррасӣ карда, бо таҷрибаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо савдои одамон шинос мешаванд. Коршиносони маҳаллӣ нақши ҳайати дипломатиро дар мубориза бо савдои одамон шарҳ дода, иштирокдоронро бо равандҳои нав дар самти ҳимоя, муайян ва бозгардонидани қурбониёни савдои одамон ошно месозанд. Ба Механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон ва аслҳои равонӣ ва ахлоқии ҳамкорӣ бо қурбониёни савдои одамон дар давраи мазкур аҳаммияти вижа дода мешавад.

Илова бар ин, иштирокдорон аз таҷрибаи наву пешрафтаи ҳамкорӣ миёни идораҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ ва ҳамчунин, нақши СБМ ва ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар талошҳои муштарак ҷиҳати ҳимоя ва ёрӣ ба қурбониён, аз ҷумла ироаи паноҳгоҳҳо ва таҳияи бунгоҳҳои эътимод ба воситаи телефонҳои боварӣ огоҳ мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.