WFF: Дар Тоҷикистон беш аз 54 ҳазор нафар ғуломанд

Бунёди австралиягии ҳомии ҳуқуқи Walk Free Foundation (WFF) феҳристи ҷаҳонии кишварҳо аз рӯи шумори одамонеро, ки дар шароити ғуломӣ зиндагӣ мекунанд, таҳия намуд. Дар таҳқиқоти Global Slavery Index 2016  (Индекси глобалии ғуломӣ- 2016) миёни 167 кишвари ба рӯйхат шомилгардида Тоҷикистон зинаи 19-умро ишғол мекунад. Қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон бо шумори аҳолии беш аз 8 […]



Бунёди австралиягии ҳомии ҳуқуқи Walk Free Foundation (WFF) феҳристи ҷаҳонии кишварҳо аз рӯи шумори одамонеро, ки дар шароити ғуломӣ зиндагӣ мекунанд, таҳия намуд.

Дар таҳқиқоти

Global Slavery Index 2016 

(Индекси глобалии ғуломӣ- 2016) миёни 167 кишвари ба рӯйхат шомилгардида Тоҷикистон зинаи 19-умро ишғол мекунад.

Қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон бо шумори аҳолии беш аз 8 млн. 482 ҳазор нафар 54,1 ҳазор нафар (0,638% аз шумори умумии аҳолӣ) дар ғуломӣ қарор доранд.

Бино ба маълумоти гузориши WFF, дар ҷаҳон айни замон зиёда аз 45 млн. нафар дар ғуломӣ қарор дошта, қисмати зиёди онҳо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором зиндагӣ мекунанд. Аз соли 2014 шумори умумии ғуломон дар саросари дунё 28% афзудааст.

Шумори аз ҳама бештари ғуломон дар Ҷумҳурии халқии демократии Корея (зинаи 1-ум дар феҳрист) ба қайд гирифта шудааст, ки 4,37% аз шумори умумии аҳолии ин кишварро ташкил медиҳад. Дар гузориш Русия дар мақоми 16-ум қарор дошта, дар он беш аз 1 млн. нафар ғуломон (0.732%) ба сар мебаранд.

Тибқи маълумоти WFF, байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шумори аз ҳама бештари ғуломон дар Ӯзбекистон – 1 млн. 236 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудаааст, ки ҳудуди 4% аз шумори умумии аҳолиро ташкил медиҳад ва аз рӯи ин нишондиҳанда Ӯзбекистон дар феҳрист мақоми дуюмро касб кардааст.

Гуфта мешавад, дар Қазоқистон 81,6 ҳазор нафар (0.467%), Қирғизиситон – 27,7 ҳазор нафар (0.467%) ва Туркманистон – 15,8 ҳазор нафар (0.295%) дар шароити ғуломӣ зиндагӣ доштаанд.

Зимни арзёбии шароити муосири ғуломӣ дар таҳқиқоти Walk Free Foundation шаклҳои гуногуни истисмори одам ба инобат гирифта шудааст, ки дар ин ҳолатҳо ӯ маҷбур аст бар асари таҳдиду фишор, кирдори бераҳмона ё амалҳои фиребгарона ин ё он кору фаъолиятеро анҷом диҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.