Талаби 27 соли умумии ҳукми зиндон ба кормандони пулиси тоҷикро то марг латукӯбкарда

Дар суди шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати се нафар кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноии ҳамин ноҳия Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев идома дорад. Дар ин бора Кумитаи пешгирии шиканҷаи Русия хабар медиҳад. Ба онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 111, қ. 4 (расондани зарари ҷисмонӣ, ки […]

ASIA-Plus



Дар суди шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати се нафар кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноии ҳамин ноҳия Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев идома дорад. Дар ин бора Кумитаи пешгирии шиканҷаи Русия хабар медиҳад.

Ба онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 111, қ. 4 (расондани зарари ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси ҳалокати одам шудааст) ва 286, қ. 3, бандҳои «а», «б» ва «в» (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия айбнома пешниҳод шудааст.

Зимни мурофиаи судии навбатӣ айбдоркунандаи давлатӣ Анна Евченко дархост намудааст, ки судшавандагон гунаҳкор эътироф гардида, Дейкун ва Чернишев ҳар кадоме ба 9 соли зиндон ва Гордеев ба 9 солу се моҳи зиндони низомаш шадид маҳкум карда шаванд.


Радиои Озодӣ

 дар мавриди ин ҳодиса навишта буд, Фаррух Алихонович Урозов 39 сол дошт ва дар сохтмоне дар яке аз шаҳракҳои воқеъ дар Солнечногорск кор мекард. Ӯ шоми 17 сентябри соли 2014 баъди бозгашташ аз ҷои кор дар манзиле ки иҷора менишаст, бар асоси шикояти як ҳамсояи онҳо боздошт шуд. Ин зани ҳамсоя, ки аз ӯ Светлана ном мебаранд, Урозовро ба таҷовуқ ба номуси духтари шашсолааш айбдор мекардааст. Фаррух Урозов субҳи 18 сентябри соли 2014, баъди чанд соати боздошташ дар шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Солнечногорск даргузашт.

Сомонаи 

Кумитаи зидди шиканҷаи Русия

  дар мавриди ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки бародари марҳум Илҳом Алихонов дар робита ба ин ҳодиса ба онҳо муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки кормандони пулис Фаррухро ба гумони даст доштан дар таҷовуз ба номуси духтарчаи 6-солаи ҳамсояашон боздошт кардаанд.

Баъди чанде кормандони пулси ӯ ва дӯсташ Фирдавс Сатторовро низ боздошт ва ба шуъбаи пулис мебаранд. Субҳи 18 сентябр онҳоро аз шуъаи пулис ҷавоб дода, баъди чанд соат онҳо огоҳ мешаванд, ки Фаррух даргузаштааст.

Бино ба хулосаҳои ташхиси тиббӣ, муҳоҷири тоҷик бар асари шикастани чандин қабурғааш ҷон бохта, маълум шудааст, ки афсарони пулис барои маҷбур кардани Урозов ба эътирофи гуноҳ ба бадани вай дастикам 75 зарба задаанд.

Нимаи моҳи декабри соли гузашта тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги зодаи Тоҷикистон Фаррух Урозов

ба итмом расида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.