Боздиди сафирони Қазоқистону Эрон аз ВКХ Тоҷикистон



Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Музаффар Ҳусейнзода рӯзи 31 майи сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимовро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат ҷонибҳо раванди рушд ва таҳкими минбаъдаи  муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз муовини вазири корҳои хориҷӣ Маҳмадшариф Ҳақдод бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, саноатӣ ва илмию фарҳангии байни ду кишвар баррасӣ шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное