Ифтихорномаи ВКХ Тоҷикистон ба дипломати Арабистони Саудӣ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 31 май кордори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Ҳамза Бахит ал-Ҳарбиро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбат ҷонибҳо аз рушди бемайлони муносибатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, бар идомаи талошҳои муштарак […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 31 май кордори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Ҳамза Бахит ал-Ҳарбиро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбат ҷонибҳо аз рушди бемайлони муносибатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, бар идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати иҷрои амалии тавофуқҳое, ки дар натиҷаи музокироти сатҳи олии ду кишвар моҳи январи соли ҷорӣ дар Риёз ҳосил шуданд, таъкид карданд.

Сироҷиддин Аслов кордори Шоҳигарии Арабистони Саудиро барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандааш дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо Ифтихорномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.