Вазорати молия: Нафақа ва маош аз 1 июл зиёд мешаванд

Ҳаҷми нафақа, стипендия ва маошҳои кормандони соҳаи буҷет тибқи нақшаи пешбинишуда аз 1 июли соли равон боло мераванд. Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» итминон доданд, барои амалисозии ин иқдом маблағу воситаҳои зарурӣ мавҷуд буда, оид ба пардохтҳои мазкур мушкилоте ҷой надорад ва аз ин рӯ, дастури сарвари давлат саривақт ва пурра ба иҷро […]



Ҳаҷми нафақа, стипендия ва маошҳои кормандони соҳаи буҷет тибқи нақшаи пешбинишуда аз 1 июли соли равон боло мераванд.

Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» итминон доданд, барои амалисозии ин иқдом маблағу воситаҳои зарурӣ мавҷуд буда, оид ба пардохтҳои мазкур мушкилоте ҷой надорад ва аз ин рӯ, дастури сарвари давлат саривақт ва пурра ба иҷро расонида мешавад.

Қобили зикр аст, ки моҳи январи соли ҷорӣ зимни ироаи паёми ҳамасола ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

дастур дод

, ки аз 1 июл ҳаҷми нафақаву маош ва стипендияҳо барои аҳолӣ боло бурда шаванд.

Ӯ таъкид дошта буд, ки соли гузашта бар асари буҳрон ҳаҷми маошу нафақа ва стипендияву кумакпулиҳо боло бурда нашуданд, вале ин ибтикор барои ҳукумати ҷумҳурӣ афзалиятнок маҳсуб ёфта, фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ҳадафи олии президенту ҳукумат аст.

Сарвари давлат зикр карда буд, ки аз 1 июли соли 2016 амалисозии марҳилаи навбатии болоравии музди меҳнат оғоз мегардад.

Авали соли дар Вазорати молия ба рӯзноманигорон

иттилоъ дода буданд

, ки барои боло бурдани ҳаҷми нафақаву стипендия ва кумакпулиҳову маоши кормандони бахши буҷети дар нимаи соли равон 620 млн. сомонӣ маблағ зарур аст.

Қайд шуда буд, ки ин воситаҳо дар қисмати хароҷоти буҷети давлатии кишвар барои нимсолаи дуюми соли 2016 пешбинӣ шуда, дар маҷмӯъ барои рӯйпӯш сохтани фарқ бо назардошти болоравии пешбинишуда аз 1 июл, ҳамасола 1,3 млрд. сомонӣ маблағи иловагӣ лозим аст.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, аз моҳи июли соли 2016 ҳаҷми маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ ба андозаи 15%, кормандони соҳаи маорифу илм ва фарҳангу варзиш ба миқдори 20%, кормандони бахши иҷтимоӣ – 25%, нафақа – 20%, стипендияҳо – 30% боло бурда шуда, маоши ҳадди ақал аз 250 сомонии ҳозира то 400 сомонӣ (60%) меафзояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.