Ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон

Имрӯз дар саросари ҷаҳон маротибаи 66-ум пайдарпай Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Чорабиниҳои ҷашнӣ дар Тоҷикистон ба ин муносибат дар Боғи кӯдакон (назди варзишгоҳи «Спартак») аз соати 08-00-и субҳ оғоз мегарданд. Ин чорабинӣ аз ҷониби мақомоти шаҳрдории Душанбе созмон дода мешавад. Директори маркази кӯдакону наврасон Комилҷон Холов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ […]



Имрӯз дар саросари ҷаҳон маротибаи 66-ум пайдарпай Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.

Чорабиниҳои ҷашнӣ дар Тоҷикистон ба ин муносибат дар Боғи кӯдакон (назди варзишгоҳи «Спартак») аз соати 08-00-и субҳ оғоз мегарданд. Ин чорабинӣ аз ҷониби мақомоти шаҳрдории Душанбе созмон дода мешавад.

Директори маркази кӯдакону наврасон Комилҷон Холов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин чорабинӣ барои тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо, толибилмони макотиби пойтахт ва ҳамчунин ҳамаи кӯдакону наврасони хоҳишманд консерти кӯдакон ва намоишномаи театри лӯхтак баргузор мегардад.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин муносибат дар ҳамаи муассисаҳои томактабии кишвар таҳти унвони «Кӯдакон – ояндаи мо» чорабиниҳо доир менамояд.

Қобили зикр аст, ки Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон (International Children”s Day), ки рӯзи якуми фасли тобистон таҷлил мегардад, яке аз ҷашнҳои қадими байнулмилалӣ аст. Қарор дар бораи таҷлили онро моҳи ноябри соли 1949 Федератсияи байнулмилалии демократии занон қабул кард.

Нахустин ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон соли 1950 гузаронида шуд. СММ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳимоя аз ҳуқуқу манфиат, ҳаёт ва солимии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ унвон кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.