Мусоидати СММ ба эътидоли вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Баҳри ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, Хазинаи сулҳофарии Созмони Милали Муттаҳид ба амалисозии лоиҳаи «Ҳамкории наздимарзӣ баҳри таъмини сулҳи устувор ва рушд» шурӯъ кард. «Мавҷуд набудани сарҳадҳои дақиқ, баҳамойии шароитҳои иҷтимоиву маишӣ, баҳсҳои идомадошта дар мавриди дастрасӣ ба захираҳои табиии камёб, тадриҷан ба афзоиши ташаннуҷи вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ оварда расониданд», […]



Баҳри ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, Хазинаи сулҳофарии Созмони Милали Муттаҳид ба амалисозии лоиҳаи «Ҳамкории наздимарзӣ баҳри таъмини сулҳи устувор ва рушд» шурӯъ кард.

«Мавҷуд набудани сарҳадҳои дақиқ, баҳамойии шароитҳои иҷтимоиву маишӣ, баҳсҳои идомадошта дар мавриди дастрасӣ ба захираҳои табиии камёб, тадриҷан ба афзоиши ташаннуҷи вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ оварда расониданд», – қайд мешавад дар маълумоти СММ.

Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа густариши ҳамкорӣ ва таҳкими эътимод миёни ҷамоатҳо ва ҳамчунин коҳиши шиддати вазъ ва пешгирии хатари дубора аз сар гирифтани воситаҳои хушунати фаромарзӣ унвон мешавад.

Гуфта мешавад, арзиши лоиҳа 3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, ба амалисозии он муассисаҳои СММ, аз қабили Барномаи рушди СММ, Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО), Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Барномаи ҷаҳонии ғизо ва Сохтори «СММ-Занон» оғоз кардаанд.

Қобили зикр аст, ки масофаи умумии марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил дода, то ҳол каме бештар аз 500 километри он расман таъйин ва  аломатгузорӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.