Ифтихорномаи ВКХ Тоҷикистон ба дипломати Арабистони Саудӣ



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 31 май кордори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Ҳамза Бахит ал-Ҳарбиро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбат ҷонибҳо аз рушди бемайлони муносибатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, бар идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати иҷрои амалии тавофуқҳое, ки дар натиҷаи музокироти сатҳи олии ду кишвар моҳи январи соли ҷорӣ дар Риёз ҳосил шуданд, таъкид карданд.

Сироҷиддин Аслов кордори Шоҳигарии Арабистони Саудиро барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандааш дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо Ифтихорномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз намуд.

spot_imgspot_img

Популярное