Дар суди шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати се нафар кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноии ҳамин ноҳия Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев идома дорад. Дар ин бора Кумитаи пешгирии шиканҷаи Русия хабар медиҳад.
Ба онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 111, қ. 4 (расондани зарари ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси ҳалокати одам шудааст) ва 286, қ. 3, бандҳои «а», «б» ва «в» (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия айбнома пешниҳод шудааст.
Зимни мурофиаи судии навбатӣ айбдоркунандаи давлатӣ Анна Евченко дархост намудааст, ки судшавандагон гунаҳкор эътироф гардида, Дейкун ва Чернишев ҳар кадоме ба 9 соли зиндон ва Гордеев ба 9 солу се моҳи зиндони низомаш шадид маҳкум карда шаванд.
Радиои Озодӣ
дар мавриди ин ҳодиса навишта буд, Фаррух Алихонович Урозов 39 сол дошт ва дар сохтмоне дар яке аз шаҳракҳои воқеъ дар Солнечногорск кор мекард. Ӯ шоми 17 сентябри соли 2014 баъди бозгашташ аз ҷои кор дар манзиле ки иҷора менишаст, бар асоси шикояти як ҳамсояи онҳо боздошт шуд. Ин зани ҳамсоя, ки аз ӯ Светлана ном мебаранд, Урозовро ба таҷовуқ ба номуси духтари шашсолааш айбдор мекардааст. Фаррух Урозов субҳи 18 сентябри соли 2014, баъди чанд соати боздошташ дар шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Солнечногорск даргузашт.
Сомонаи
Кумитаи зидди шиканҷаи Русия
дар мавриди ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки бародари марҳум Илҳом Алихонов дар робита ба ин ҳодиса ба онҳо муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки кормандони пулис Фаррухро ба гумони даст доштан дар таҷовуз ба номуси духтарчаи 6-солаи ҳамсояашон боздошт кардаанд.
Баъди чанде кормандони пулси ӯ ва дӯсташ Фирдавс Сатторовро низ боздошт ва ба шуъбаи пулис мебаранд. Субҳи 18 сентябр онҳоро аз шуъаи пулис ҷавоб дода, баъди чанд соат онҳо огоҳ мешаванд, ки Фаррух даргузаштааст.
Бино ба хулосаҳои ташхиси тиббӣ, муҳоҷири тоҷик бар асари шикастани чандин қабурғааш ҷон бохта, маълум шудааст, ки афсарони пулис барои маҷбур кардани Урозов ба эътирофи гуноҳ ба бадани вай дастикам 75 зарба задаанд.
Нимаи моҳи декабри соли гузашта тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги зодаи Тоҷикистон Фаррух Урозов
ба итмом расида буд.





