Ҳалокати кӯдакони 5-сола зери чархи мошин дар ноҳияи Рӯдакӣ

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Форд», сокини 21-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз пойтахт ба самти ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардони ноболиғ, писарбача ва духтарбачаи 5-солаи сокинони ҳамин деҳотро пахш намудааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа хурдсолон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. […]

ASIA-Plus



Ронандаи автомашинаи тамғаи «Форд», сокини 21-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз пойтахт ба самти ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардони ноболиғ, писарбача ва духтарбачаи 5-солаи сокинони ҳамин деҳотро пахш намудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа хурдсолон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ронандаи автомашинаи тамғаи  “Опел-Астра”, марди 32-солаи сокини ноҳияи Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти ҷамоати деҳоти Меҳнатободи деҳаи Варашилов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, марди 25-солаи сокини ҳамин деҳотро пахш намудааст, ки дар натиҷа велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.