Изҳори самимияти мухлисони футболи тоҷик ба сармураббии «Локомотив»



Дар бозии аввали плей-оффи даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни мунтахаби футболи Тоҷикистону тими Бангладеш (5:0) мухлисони минбари шарқии Варзишгоҳи марказии Душанбе ба сармураббии дастаи футболи «Локомотив»-и Маскав Игор Червеченко, ки дар варзишгоҳ ҳузур дошт, хеле самимона изҳори дӯстдориву сипос намуданд.

«Черевченко хуш омадӣ! Мо туро дӯст медорем», – овоз дармедоданд мухлисони футбол, ки муддати тамоми бозӣ пешвои ҳаракати мухлисони мунтахаби Тоҷикистон Шуҳрат Шонов ба онҳо роҳбарӣ мекард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ғайр аз ин, давоми бозӣ мухлисон лавҳаеро бо акси Геннадий Черевченко, муҳофизатгари машҳури дастаи «Помир» ва падари Игор Червеченко низ дар байни минбар паҳн карданд. Қобили зикр аст, ки як рӯз қабл дар Душанбе мусобиқот миёни кӯдакон бахшида ба хотираи Геннадий Червеченко ба анҷом расид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ёдрас мекунем, ки дар бозии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни мунтахаби футболи Тоҷикистон ва тими Бангладеш, ки шоми 2 июн дар Варзишгоҳи марказии пойтахт

доир гардид

, футболбозони тоҷик ҳарифи худро бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 мағлуб карданд.

spot_imgspot_img

Популярное