Зодаи Тоҷикистон ба иттиҳоми қатли мухлиси хоккей маҳкум шуд

Собиқ варзишгари навъи омехтаи ҳарб (ММА), зодаи Тоҷикистон Комил Ҷамилов барои қатли мухлиси дастаи хоккейи «Трактор»-и шаҳри Чклябинск Виталий Спиридонов ба 3 солу 8 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд. Ба иттилои хабаргузории ТАСС, ӯ ҳамчунин ба пардохти 1 млн. рубл ба волидони ҳалокшуда ва каме бештар аз 200 ҳазор рубл ба боз як сокини […]

ASIA-Plus



Собиқ варзишгари навъи омехтаи ҳарб (ММА), зодаи Тоҷикистон Комил Ҷамилов барои қатли мухлиси дастаи хоккейи «Трактор»-и шаҳри Чклябинск Виталий Спиридонов ба 3 солу 8 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.

Ба иттилои хабаргузории ТАСС, ӯ ҳамчунин ба пардохти 1 млн. рубл ба волидони ҳалокшуда ва каме бештар аз 200 ҳазор рубл ба боз як сокини дигари латукӯбшудаи шахри Челябинск низ уҳдадор шуд.

Виталий Спиридонов шаби 4 августи соли 2015 

мавриди лату кӯб қарор гирифт

. Он ҳангом Ҷамилов боз ду нафар аз дӯстони ӯро низ лату кӯб кард. Мухлис ба ҳуш наомада, дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳр ба ҳалокат расид.

Ҷинояткор шаби 12 август боздошт шуд. Шахсияти ӯ тариқи камераи мушоҳидавӣ маълум карда шуда, Ҷамилов аз ҷойи ҳодиса пинҳон шуда буд.

https://www.youtube.com/watch?v=xJL5FfU-vF8

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.