Суғд: Боздошти 11 муҳоҷири ғайриқонунии чинӣ дар ҷараёни амалиёти «Нелегал-2016»

Дар қаламрави вилояти Суғд 20 нафар муҳоҷирон, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави минтакаи шимоли ҷумҳурӣ кору иқомат доштанд, ошкор карда шуданд. Чунинанд натиҷаҳои амалиёти махсуси «Нелегал-2016», ки аз 10 то 31 май бо мақсади ошкор сохтани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва далелҳои фаъолияти ғайриқонунии соҳибкории шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби кормнадони мақомоти муҳоҷират, милитсия ва КДАМ гузаронида шуд. Бино […]

ASIA-Plus



Дар қаламрави вилояти Суғд 20 нафар муҳоҷирон, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави минтакаи шимоли ҷумҳурӣ кору иқомат доштанд, ошкор карда шуданд.

Чунинанд натиҷаҳои амалиёти махсуси «Нелегал-2016», ки аз 10 то 31 май бо мақсади ошкор сохтани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва далелҳои фаъолияти ғайриқонунии соҳибкории шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби кормнадони мақомоти муҳоҷират, милитсия ва КДАМ гузаронида шуд.

Бино ба

маълумоти

маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, миёни шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави вилояти Суғд кору иқомат дошта, меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистонро риоя накардаанд, 11 шаҳрванди Чин, 2 шаҳрванди Молдова, 2 шаҳрванди Ӯзбекистон, 3 шаҳрванди Беларус ва 2 шаҳрванди Украина ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистонро риоя накардаанд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.